593 ҳазору 846 нафақагир дар Тоҷикистон
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Зиёда аз 177 ҳазору 291 нафар нафақагири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таввассути кортҳои пластикӣ нафақаи худро дастрас менамоянд. Аз рӯи иттилои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ , ҳаҷми маблағи пардохтшуда ба ҳолати якуми сентябри соли равон 38 млн. 436 ҳазору 897сомониро ташкил намуд. Дар назар аст, ки то семоҳаи аввали соли 2013 дар пардохти нафақаи 79 ҳазору 880 нафақагири ш. Қайроқум, Роғун. Сарбанд, Чкалов, инчунин ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Данғара, Хуросон, Бохтар, Ҷилликул ва Ванҷ тартиби нави хизматрасонӣ ба роҳ монда мешаванд. Аз рӯи иттилои манбаъ, то якуми ноябри соли равон теъдоди асноди ҷамъоваригардида ва омодашудаи нафақагирон 70 ҳазору 946 ададро ташкил дод, ки аз он 38 ҳазору 206 адад ба компютер ворид карда шудааст. Ба ҳолати 1 декабри соли 2012 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 593 ҳазору 846 нафарро ташкил намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






