7 роҳхати қалбакие дар хатсайри Маскав-Душанбе
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Як гуруҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намудаанд, ки 7 чиптаи дастраснамудаи онҳо дар хатсайри Маскав-Душанбе, ки аз як дӯкони билетфурӯшии шаҳри Маскав харида шудааст, қалбакӣ баромад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, Нозия Ғарибмамадова иброз доштааст, ки роҳхатҳоро бо арзиши аз 14 то 16,5 ҳазор рубли русӣ дар яке аз дӯконҳои дилерӣ чанд рӯз қабл аз парвоз аз шаҳрванди ҶТ Комил Ҳайдаров, корманди ин маркази дилерӣ дастрас намудаанд. Қалбакӣ будани роҳхатҳо ҳангоми аз бақайдгирӣ гузаштан дар фурудгоҳ муайян гардидааст. Инчунин маълум гардид, ки чунин чиптаҳои қалбакиро чанд нафари дигар низ ба даст овардаанд. Тавре ки худи онҳо иброз намудаанд, ҳангоме, ки мехостанд ба фурӯшандаи ин роҳхатҳо эътироз намоянд, аллакай дар маркази фурӯши чиптаҳо на фурушанда буду на маркази дилерӣ. Бо назардошти арзи шаҳрвандон кормандони намояндагии ХМ дар ФР бо мақсади дарёфти шахсони қаллоб ва баргардонидани маблағҳои шаҳрвандони ҷабрдида фаъолона кор мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






