Афзоиши ҳаҷми маҳсулот дар Суғд
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд тӯли 5 соли охир 3,8 маротиба, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3 маротиба, ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ва хориҷӣ мутаносибан 2,5 маротиба, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4,6 маротиба афзуда, сатҳи тавварум ба ҳисоби миёна -1,3 дарсад коҳиш ёфт. Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки чунин тамоюли рушд асосан аз тариқи истифодаи самараноки захираю имкониятҳо амалӣ гардида, стратегияи инкишоф асосан тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус дар ҷараёни истеҳсолот роҳандозӣ гардид. Танҳо тӯли 2 соли охир дар соҳаи саноати вилоят қариб 170 корхонаи хурду миёна бо теъдоди зиёда аз 7000 ҷойи нави корӣ таъсис ва дар давраи сипаригаштаи сол қариб 2000 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, 500 гектар замин ва намудҳои нави хизматрасонӣ аз худ шуданд, ки ин ҷиҳати дарёфт намудани захираю имкониятҳои иловагӣ барои ташаккули манбаи нави андозбандӣ шароит фароҳам овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






