Афзоиши ҷой ва кам кардани рӯзҳои табобат
Душанбе,11ноябр.(АМИТ “Ховар” Заррина Саидова). — Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони “Чорбоғ”-и ноҳияи Варзоб шумораи кат 20 адад зиёд ва миқдори рўзҳои табобатӣ аз 21 рўз ба 16 рўз кам карда шуд. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки дар як сол ба ҷойи 320 нафар 600 нафар кўдаки маъюб табобат гирад. Аз ибтидои сол то имрўз дар 15 баст ба 360 нафар кўдаки маъюб тавонбахшӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 80 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби кўдаконе, ки будубоши доимӣ доранд, 14 нафар бо усули тавонбахшӣ саломатиашонро барқарор намуда, ба хонаҳояшон баргаштанд. Дар ноҳияи Балҷувон ҳам сохтмони чунин Маркази тавонбахшӣ ҷараён дорад, ки ҳоло як қисми он ба истифода дода шудааст. Бинои навтаъсис иборат аз 30 ҳуҷраю толор ва даҳлез барои 20 нафар (10 нафар кўдак бо модаронашон) бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумлаи тиббии муосир, рахти хоб, ошхона муҷаҳҳаз буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Барои истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ, хизматрасонии иҷтимоию тавонбахшӣ кормандони ин марказ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ» таҷриба омўхта, соҳиби малакаи касбӣ гардиданд. Дар айни ҳол 50 нафар кўдак бо модаронашон дар маркази номбурда тавонбахшӣ мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






