Афзоиши парвозҳо ба самти Дубай
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» афзоиши парвозҳоро ба самти Дубай эълон медорад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд, аз 17-уми декабр парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе ҳафтае се маротиба-рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз фурудгоҳи пойтахтамон рӯзҳои душанбе — 18.30 ба вақти маҳаллӣ, рӯзҳои чоршанбеву шанбе – соати 21:00. Дар робита бо иқдоми мазкур ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мусофироне, ки барои рӯзҳои 17-ум, 24-ум ва 31-уми декабр чипта мехаранд нархномаи махсус — 180 евро ба як самт пешниҳод медорад. Дар айни ҳол парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 2 ҳавопаймои «Боинг 737-900», 2 ҳавопаймои «Боинг 737-800» ва 2 ҳавопаймои «Боинг 737-300» иборат аст. Ширкати ҳавопаймоӣ ба ҷуз кишварҳои ИДМ, ҳамчунин ба Франкфурти лаби Майн, Истанбул, Дубай ва Урумчи парвозҳо анҷом медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






