Аввалин меҳмонхона барои муҳоҷирон
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар шаҳри Самараи Русия аввалин меҳмонхона барои муҳоҷирон боз карда шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ин меҳмонхонаи бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз барои 170 нафар муҳоҷир боз шудааст ва қимати шабонарӯзии иқомат дар он 170 рубли русӣ муқаррар шудааст. Пешниҳоди боз кардани чунин меҳмонхона аз сӯи созмонҳои ҷамъиятии пуштибони муҳоҷир, аз ҷумла созмони минтақавии тоҷикии «Пайванд» сурат гирифта, аз сӯи мақомоти расмии кор бо муҳоҷирини Русия амалӣ шудааст. Доштани манзили муҷаҳҳази арзон барои муҳоҷир зарурати аввалин аст ва минбаъд низ бо мақомоти расмии муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар самти дифоъ аз ҳаққи муҳоҷирон ва татбиқи барномаҳои мусоидкунандаи шароити зисту будубош ва шуғли онҳоро рӯи даст хоҳем гирифт,- изҳор кард Саидасрор Мирзоев, роҳбари СҶ Пайванд. Ҳамчунин роҳбари созмони «Пайванд» иброз дошт, ки феълан кӯшиши онҳо барои омода намудани муҳоҷирон барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ равона шудааст: «Дар назди созмон курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон ва омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Самара таъсис шудааст, ки метавонад барои муҳоҷирон кӯмаки ҷиддӣ расонад».Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта мақомоти муҳоҷирати минтақаи Маскав низ аз сохта шудани 6 меҳмонхонаи арзон барои муҳоҷирон дар минтақаҳои берун аз шаҳр хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






