Аввалин ташаббус дар таърихи туризми кишвар
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни маҳсулоти армуғони беҳтарини миллӣ барои туристон дар соли 2012-ро доир намуд.Озмуни ҷумҳуриявӣ 8-9 декабри соли 2012 дар Маркази фарҳангии «Исмоилия»-и шаҳри Душанбе байни ҳунармандон ва косибони кишвар дар байни иштироккунандагони ярмаркаи зимистонаи ҳунарҳои мардумӣ, сурат гирифт. Аз миёни зиёда аз 1000 маҳсулоти пешниҳоднамудаи 75 ширкаткунандаи ярмарка, аз ҷониби Комиссияи байнисоҳавӣ 9 маҳсулоти армуғонии беҳтарини миллӣ барои туристон интихоб шуд. Бо қарори Комиссия бо назардошти сатҳ ва сифати маҳсулоти интихобшуда ҳар яки онҳо ба ҷойҳои муносиб дар озмун сазовор гардиданд. Яъне, се маҳсулот соҳиби ҷойи 1-ум, се маҳсулот сазовори ҷойи 2-юм ва се маҳсулоти дигар мувофиқан ҷойи 3-юмро ишғол намуданд. Ғолибони озмун 21 декабри соли 2012 соати 15:00 дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мегарданд ва ба онҳо мукофотҳои пулию дипломҳо тақдим мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






