Ба моддаи 345-и Кодекс парлумон тағйирот ворид месозад
Душанбе, 4 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 декабр аъзои Шурои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки ҳадафи таҳия ва ироа гаштани Кодекси гумруки кишвар ба парлумон ба иҷрои банди 28 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардидаанд», рабт дорад. Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои моддаи 345 Кодеси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод шудаанд. Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба талаботи қонунгузории ҷорӣ ҷавобгў буда, шароити мусоидро барои рушду таҳкими минбаъдаи кишвар ва мақомоти гумрук фароҳам меорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






