Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ

Декабрь 28, 2012 14:43

Душанбе, 27 декабр. ( АМИТ «Ховар» Назир Назиров).- Яке аз падидаҳои хубе, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ созгор аст, аз ташкили ассотсиатсияҳои дўстдорони табиат ва марказҳои экологӣ иборат мебошад. Аз соли 2008 дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист маркази ахбори экологӣ ташкил шуда, то имрўз дар самти маърифати экологӣ ҳамаҷониба кор мебарад. МАЭ тибқи салоҳияти худ дар се самт фаъолият менамояд, ки инҳо аз чорабиниҳои илмию оммавӣ, маърифатию фарҳангӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ иборат мебошанд.  Кумита бо ташкили маркази ахбори экологӣ дар муддати начандон зиёд ба муваффаққиятҳои шоён ноил гардид. Дар ин росто бояд ҳаминро қайд намоем, ки тадриҷан аз вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе маълумот сари вақт гирд оварда ва махзани маълумот оид ба вазъи муҳити зист такмил дода мешавад. Инчунин чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати экологӣ дар ҷомеа, ташкили намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои радиоӣ, нашри мақолаҳо дар рўзномаву маҷаллаҳо, таъмини баромадҳои кормандону мутахассисони кумита дар садо ва симои ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа, ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори умум амалӣ мегарданд. Тазаккур бояд дод, ки кумита бо мақсади ҷалби бештари журналистон ба мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист дар байни ВАО-и ҷумҳурӣ силсиласеминари дарозмуддати экологӣ ташкил намуда, ҳамзамон дар бахши «Табиати тоза-кафолати солимии ҷомеа» озмун эълон намуд. Ин чорабинии муфид дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллии 21-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-умин солгарди Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон чамъбаст гардида, рўзноманигорон аъзои клуб ва ғолибон бо Шаҳодатномаи кумита, инчунин бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамин гуна озмунҳо барои баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ гузаронида шуд.

Декабрь 28, 2012 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд