Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:Муҳтарам Нурсултон Абишевич,Барои ман мояи сарфарозист, ки табрику таҳнияти самимии хешро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Истиқлолият ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Қазоқистон ирсол намоям.Мо муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакатҳоямон ва халқҳоямонро қадр карда, барои таҳкиму густариши онҳо тамоми имконотро истифода хоҳем кард. Ин санаи муҳим ба ман имкон дод, ки ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич тани сиҳат, хушбахтӣ, бурдбориҳо ва ба мардуми Қазоқистон – сулҳу субот таманно намоям.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






