Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Корея
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:«Хонуми Олиҷоҳ,Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки худро бифиристам.Ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти хоса медиҳад.Боиси қаноатмандист, ки имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн робитаҳои гуногунҷанбаи созанда ба роҳ монда шудаанд ва мо ба густариши минбаъдаи онҳо бовар дорем.Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Шумо сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






