Баррасии 36 масъала дар Маҷлиси миллӣ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — 13 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи дувоздаҳуми ММ МОҶТ даъвати чорум баргузор гардид.Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзномаи иҷлосия ба баррасии 36 масъала шурўъ намуданд. Ёвари Раиси ММ МОҶТ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёров, Саймурод Тағоймуродов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва Мамадшо Илолов, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод ёфтаро, мавриди муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»-ро ҷонибдорӣ карданд. Дар иҷлосия аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, бинобар дар мавридҳои алоҳида мутобиқат надоштан бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ҷонибдорӣ карда нашуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






