Баррасии масоили рушди МОИ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре ки муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамгироӣ оид ба масоили рушди Минтақаи озоди иқтисодӣ хабар дод, то имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 32 ниҳод фаъолият дорад. Мувофиқи суханони Умед Давлатзод, дар давраи татбиқи дурнамоҳои соҳибкории ниҳодҳо ҷалби маблағҳо дар ҳаҷми беш аз 365 миллион сомонӣ, ҳамчунин ташкили зиёда аз 1600 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст. Алҳол дар Минтақаи озоди иқтисодӣ беш аз 20 миллион сомонӣ маблағгузорӣ ва қариб 360 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.Дар ҳоли ҳозир ҳашт ниҳоди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ду ниҳоди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва як ниҳоди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ кардаанд. Соли ҷорӣ корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ ба маблағи 17 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






