Баррасии муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Иброҳим Жунусов баргузор гардид.Ҷонибҳо масоили муносибатҳои дуҷониба дар бахши фарҳангу сайёҳӣ, рушди ҳамкории гурӯҳҳои эҷодӣ, густариши равобити намояндагони фарҳангу санъати Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Зимни сӯҳбат ҳамчунин тадбирҳо дар мавриди муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 14 январи соли 2013 – ум 20 — солагии барқароршавии ин муносибатҳо таҷлил мегардад, масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ баррасӣ шуданд.Иброҳим Жунусов зикр намуд, ки ҷониби Қирғизистон хоҳони рушди минбаъдаи равобити фарҳангии ҳар ду кишвар аст.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсатии хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






