Баррасии вазъи иншооти гармидиҳӣ дар ҳузури О. Оқилов

Декабрь 17, 2012 16:44

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 15 декабри соли равон дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов вобаста ба масоили фаъолияти имрӯза ва навсозии иншооти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машварати корӣ баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, бо мақсади барқарор кардани ҳолати истеҳсоли оби гарм дар дегхонаи ғарбии МБГ сохтмони иншооти нав ва насби таҷҳизоти ҳозиразамон ба нақша гирифта шудааст, ки қисман аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва қисман аз ҳисоби маблағҳои Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба анҷом расонида мешаванд. Маблағи сохтмони мазкур зиёда аз 32 миллион сомониро ташкил медиҳад. Оқил Оқилов ба зарурати дигаргунсозии дегхонаи ғарбии МБГ барои таъминоти аҳолии пойтахти мамлакат бо оби гарм ва барқ махсус таъкид карда, барои тезонидани корҳои сохтмонӣ, дастрас кардани таҷҳизоти зарурии замонавӣ, истифодаи самараноки маблағҳои пешбинишуда ва анҷоми босифати корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Декабрь 17, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд