Бонки миллӣ телефони боварӣ ташкил кард
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба истифодаи кортҳои пластикӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ (+992 44) 600-15-20 аз имрӯз ба кор шуруъ намуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, акнун ҳар муштарӣ ва соҳиби кортҳои пардохтӣ метавонад дар мавриди камбудиҳое, ки ҳангоми истифодаи банкоматҳо рӯ ба рӯ мешавад, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






