Боздиди ҳайати Қазоқистон аз АНМН ҶТ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ«Ховар»,Фарзона Достонзода).-Мулоқоти кории роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон бо сарварии ҷонишини раиси КАМ Амрин Госман 5 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, равишҳои арзёбии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқобилият бо тиҷорати байналмилалии маводи нашъадор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бо назардошти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маводи мухаддири мансуб ба афюн дар Афғонистон, зиёд шудани қочоқи он, аз ҷумла аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин бо дарки он, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба саломатии аҳолӣ ва сохторҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад, як силсила қарорҳои мушаххас қабул карданд, ки татбиқи онҳо ба фаъол гардидани ҳамкориҳо миёни хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза бо маводи мухаддир мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






