Боздиди намояндагони парлумони ҷавонони кишвар аз парлумон
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Марҳабо Ҷабборова-раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони мамлакат дар радифи мулоқоташ бо намояндагони парлумони ҷавонони Тоҷикистон таъсиси онро мояи ифтихори вакилони Маҷлиси намояндагон арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин ниҳод барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқии ҷавонон нақши муасссир хоҳад гузошт. Дар мулоқот асосан масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкорӣ байни парлумони ҷавонони Тоҷикистон бо кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ матраҳ гардиданд. Марҳабо Ҷабборова бо ишора ба фаъолияти кумита изҳор дошт: «Аъзои кумитаи мо, ки ки фаъолияташ ба баррасӣ ва масъалаҳои марбут ба кору зиндагии ҷавонон рабт дорад, дар тамоми минтақаҳои кишвар бо ҷавонони фаъол ва равшанфикр суҳбату мулоқот анҷом дода, аз мушкилот ва пешравиҳои онҳо воқиф мегардад». Зикр шуд, ки истифода аз таҷрибаи вакилони Маҷлиси намояндагон дар фаъолияти намояндагии парлумони ҷавонони Тоҷикистон аз мақсадҳои дигари ин ниҳоди ҷавонон аст. Намояндагони парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар фарҷоми мулоқот аз китобхона ва осорхонаи палатаи поёнии парлумони мамлакат боздид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






