Боздиди Сарвазир аз рафти таҳкими соҳил дар минтақаи Кўлоб

Декабрь 3, 2012 10:44

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоии бевосита бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2012 Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз мавзеҳои хавфноки надзисоҳилии шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дидан кард. Оқил Оқилов бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки бо маблағгўзории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, дар соҳилҳои дарёҳо ва рўду сойҳои Ёхсу, Даҳана, Тебалай ва Зиракии шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеъ шинос шуда, барои анҷоми босифати корҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Аз ҷумла бо мақсади саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастур дода шуд, ки лоиҳаи комили корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои номбаршуда таҳия гардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.Ҳамзамон аз масъулини дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати таъмини бехатарии аҳолии назди соҳили рўду дарёҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва маблағи зарурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.  Ҷараёни шиносоии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеъ дар машварати корӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои минтақа натиҷагирӣ карда шуд.

Декабрь 3, 2012 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад