Боздошти донишҷӯ бо «пекардис»
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ шаҳрванд Ҷаҳонгири Валамид, соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Мушфиқӣ, донишҷӯи бахши 3-юми Литсейи техникӣ дастгир шуд. Ҳангоми тафтиши хонаи истиқоматии Ҷаҳонгири Валамид 1128 дона маводи пиротехникии тамғаи «пекардис» дарёфт ва мусодира шуд. Муайян гардид, ки маводи пиротехникии мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, барои истифодабарӣ коршоям мебошад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, таҳқиқ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






