Бозхонд ва таъйини судяҳо дар Маҷлиси миллӣ

Декабрь 14, 2012 12:12

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). -Дирӯз дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии ҶТ даъвати чорум аъзои Маҷлис пешниҳоди Президенти мамлакатро дар бораи бинобар сабаби беморӣ бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Эҳсонов қонеъ карда, Шарофиддин Зоировро ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.  Ёвари Раиси ММ МОҶТ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар иҷлосия аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дар расми тантанавӣ муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Қодири Қосим бо ордени “Иттиҳод”-и Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва як идда аъзои Маҷлиси миллӣ бо ордену мукофотҳои ҷашнии 20-солагии ин созмони бонуфузи байнипарламентӣ барои саҳми арзандаашон дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба корҳои фаҳмондадиҳии талаботҳои қонунҳои нави ҷонибдоришуда ва тағйироти воридшуда ба як зумра қонунҳои амалкунанда дар маҳалҳо нигаронида, аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар маъракаи мазкур фаъолияти муассир анҷом дода, баҳри таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ибрати шахсӣ нишон диҳанд. М. Убайдуллоев ҳозиринро ба фаъолияти пурмаҳсули аъзои Маҷлиси миллӣ дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ дар соли сипаришаванда нигаронида, бо сипосмандӣ зикр сохт, ки дар соли оянда низ баҳри таҳкими фазои ҳукуқии кишвар бо инобати пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо имконоти ибтикори қонунгузориро боз ҳам бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои ба танзим даровардани муносибатҳои муосири ҷамъиятӣ ва ободию рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол сафарбар намоянд.

Декабрь 14, 2012 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад