Бозиҳои интихобии мусобиқоти Осиё

Декабрь 19, 2012 12:28

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «С» — и мусобиқоти Осиё байни ҷавонон, ки дар он дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони кишвар иштирок менамояд, хабар дод. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар бозиҳои интихобии мусобиқоти Осиё, ки аз 5 то 10 апрел дар пойтахти Непал шаҳри Катманду баргузор мегардад, иштирок мекунад. Футболбозони тоҷик мусобиқотро бо қувваозмоӣ бо дастаи Афғонистон оғоз намуда, сипас бо дастаҳои мунтахаби Бутон, Непал, Ҷазираҳои Малдив, ва Ӯзбекистон вомехӯранд.Хотирнишон месозем, ки ғолиби гурӯҳ ба қисми хотимавии мусобиқоти Осиё, ки соли 2014 баргузор мегардад, роҳхат пайдо мекунад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 19, 2012 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад