Буҷаи Суғд дар соли 2013 — 884 млн. сомонӣ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳаҷми умумии даромади буҷаи вилояти Суғд дар соли 2013 ба маблағи 884 миллион сомонӣ ва хароҷоти он ба маблағи 832,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ мутаносибан 234 миллион сомонӣ ва 220,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соли оянда афзоиши даромадҳои умумии вилоят 36 дар садро ташкил намуда, дар як вақт маблағи ҳиссагузориҳо ба буҷаи ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли ҷорӣ беш аз 13,6 млн. сомонӣ меафзояд, ки ин ҳам саҳми вилоят дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аст.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати IV 25 декабр ин ва дигар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят муҳокима ва баррасӣ шуда, буҷаи вилояти Суғд барои соли 2013 қабул гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






