Бунёди 25 корхонаи истеҳсоли маводи сохтмон
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Соли ҷорӣ дар соҳаи саноати маводи сохтмон 34 корхонаи нав бо таъсиси 923 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи сементи ҶДММ «Суғд семент» бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент ба кор оғоз намуд, ки дар он 142 ҷойҳои нави корӣ ташкил шудааст. Инчунин дар ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Муъминобод, Ҳисор, Рўдакӣ, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат, Хуросон, Ғончӣ, Чкаловск ва Исфара корхонаҳои истеҳсоли хишт, қуму шағал, оҳак, коркарди санг ва гаҷ ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» сохтмони корхонаи семент бо иқтидори 1 млн. тонна семент дар як сол идома дорад. Дар бунёди он 600 нафар коргари хитоӣ ва 200 нафар коргари маҳаллӣ фаъолият доранд. То имрўз ба маблағи 75 млн. доллар корҳо анҷом дода шуда, таҷҳизоти технологӣ ворид шудааст. Аз тарафи корхонаи ҶММ «Ваҳдат Хуалун» дар шаҳри Ваҳдат сохтмони заводи хурди семент, ки иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил мекунад, дар арафаи анҷомёбист. Инчунин сохтмони корхонаҳои бузурги семент дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳритус аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






