Бунёди комбинати метталургӣ дар Ҳисор
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристи Эрлих). – Дар ноҳияи Ҳисор сохтмони заводи калонтарини Тоҷикистон – комбинати метталургӣ босуръат идома дорад. Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, комбинат аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо ширкатҳои Чин бунёд мешавад. Баъди соли 2013 мавриди истифода қарор гирифтани комбинати металлургӣ, дар Тоҷикистон истеҳсоли арматура, тахтапӯлод, сим, қубур ва маҳсулоти дигари фулӯзӣ роҳандозӣ мешавад. Алҳол дар комбинат беш аз 200 нафар мутахассисону коргарони тоҷик кор мекунанд. Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани комбинат қариб 3 ҳазор нафар бо ҷойҳои доимии корӣ таъмин мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






