Бурёкубони 45 оила
Хоруғ, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Новобаста аз сардии ҳаво корҳои сохтмонии хонаи 45 ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғ идома доранд. Таҳкурсии бинои мазкур ҳанӯз солҳои ҳаштодуми даврони Шӯравӣ гузошта шуда, баъди бисту чор сол сохтмончиён аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Назрӣ», ки бунёди иншооти замонавӣ — мактаби президентӣ, Кохи ҷавонон маҳсули дасти онҳост, дар ин иншооти барои хоруғиён ниҳоят муҳим фаъолият доранд. Дар бунёди хонаи истиқоматӣ 24 нафар бинокор кор мекунанд. Барои пешбурди корҳои сохтмонӣ шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шуда, музди меҳнати бинокорон аз 600 сомонӣ болост. Эшон новобаста аз сардии зимистон корҳои сохтмониро қатъ нанамуда. балки суръат бахшидаанд. Баҳори соли оянда боз 45 оилаи Хоруғ бӯрёкӯбон мекунад,- мегӯяд сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Назрӣ» Қадамшоҳ Чиниев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






