Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Боришоти шадид дар Панама Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи иттилои телевизиони «BBC News» субҳи дирӯз Президенти Панама- Рикардо Мартинелл вобаста ба номусоидии вазъи обу ҳаво дар ҳудуди кишвараш ҳолати фавқулодда эълон намуд. Сабаб дар он аст, ки дар минтақа бориши борон чанд рўз боз қатъ намегардад. Мувофиқи маълумоти охирини ҳавосанҷон эҳтмол боришот чанд рӯзи дигар идома ёфта, суръати вазиши шамол дар як сония 23 метрро ташкил диҳад. Бояд қайд кард,ки бар асари номусоидии вазъи ҳаво 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳои марказӣ интиқол дода шуданд. Аз офати табиӣ бештар музофотҳои Панама ва Колон зарар дидаанд. Офати табиӣ наздики якуним ҳазор манзили зист, 40 мактаб ва 5 пулро хароб намуда, ба 23 минтақаи аҳолинишин хисороти зиёд ворид сохтааст. Айбдор кардани ширкати «Миттал»-и Фаронса Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Вазири барқарорсозии саноати Фаронса Арно Монтебур ширкати «Миттал»-ро барои анҷом надодани вазифаҳояш айбдор мекунад. Тавре ки шабакаи телевизионии «Алҷазира»-и Давлати Қатар иттилоъ медиҳад, ширкати номбурда соли 2006-ум коргоҳи «Арселор»-и Фаронсаро харидорӣ карда, ҳамкориро бо ширкати «Миттал» қатъ кардааст. Ў роҳбари «Миттал» Лакшми Митталро дар дурӯғгўӣ айбдор мекунад. Ширкати «Арселор-Миттал» яке аз коргоҳҳои бузургтарини саноатии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вале роҳбари ширкат нақша дорад, ки то 1-уми январи соли 2013 фаъолияти ду корхонаи худро дар Флоранаи қисми шимолу шарқии Фаронса қатъ намояд. Вазири саноат мегӯяд, ки аз ҷониби ҳукуматдорони мамлакат корхонаҳои мазкур харидорӣ намешаванд ва ширкатҳои хориҷиро низ иҷозати харид намедиҳанд. Аз ҳамин сабаб коргоҳҳо пурра аз фаъолият боз мемонанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






