Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тамдиди барномаи зидибуҳронӣ дар Британияи Кабир Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти расонаи хабарии Би-Би-Си ҳукуматдорони Британияи Кабир тасмим гирифтанд, ки нақшаи барномаи зиддибуҳронии худро то соли 2018-ум тамдид намоянд. Ба гуфти вазири молияи кишвар- Ҷорҷ Осборн барои раҳоӣ аз буҳрони шадиди молии Британияи Кабир 11 миллиард фунт-стерлинг лозим меояд. Вале мувофиқи иттилои коршиносони Пажуҳишгоҳи андоз ин маблағро танҳо дар натиҷаи коҳиш додани хароҷоти давлатӣ ва баланд бардоштани андоз ба даст овардан имконпазир аст. Алҳол ҳукуматдорони мамлакат дар қисми хароҷоти буҷаи соли оянда 8 миллиард фунт-стерлингро кам карданианд. Навсозии сохтори фаъолияти бонкӣ дар Испания Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои расонаҳои хабарии Испания ҳукуматдорони Аврупо барои навсозии сохтори фаъолияти бонкҳои Испания 35 миллиард евро ҷудо менамоянд. Тавре ки сардори шуъбаи иттилооти бонки Испания хабар медиҳад, бар ивази ин муассисаҳои молиявии Испания бояд садҳо нафар корманди худро ихтисор намуда, дар сохтори бонкҳо як қатор тағйирот ворид созанд. Дар сурати маблағгузорӣ он танҳо ба чор бонки давлатии Испания тақсим мешавад. Дар айни ҳол дар ин бонк 20 ҳазор нафар фаъолият мекунанд. Бонки «Нова Галисиа» аз 5 ҳазору 800 нафар корманди худ бояд 2 ҳазорашро ихтисор созад. Ҳукуматдорони Испания барои наҷоти бонкҳояшон аз 40 то 42,5 миллиард евро дархост кардаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






