Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Декабрь 19, 2012 16:20

Тирпарронӣ дар Колорадои Амрико Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи шабакаи телевизиони Алҷазира омадааст, дар штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шахсони маргталаб вориди яке аз шуъбаҳои алоқа шуда, ҷониби кормандони он оташ кушодаанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ 3 кас ҳалок шуда, чанд каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ба гуфти сардори шуъбаи гуруҳи фаврии Вазорати корҳои дохилии кишвар ҷинояткорон баъди содир кардани ин амали нангин даст ба худкушӣ задаанд. Кормандони мақомоти қудратӣ муайян сохтанд, ки силоҳбадастон 2 мард ва 3 зан будаанд. Дар айни ҳол дар ҷойи ҳодиса тафтишот идома дорад. Садамаи нақлиётӣ дар Парвони Афғонистон Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Парвони Афғонистон садамаи нохуши наклиётӣ ба амал омад. Ба қавли расонаҳои хабарии кишвар дар ин ҷо мошини хизматии кормандони мақомоти полиси минтақа ба руд сарозер шудааст. Дар натиҷаи ҳодиса 3 корманди мақомоти полис ҷон бохта, 1 нафар бо ҷароҳат ба беморхона бурда шудааст. Ба гуфти мутахассисони мақомоти қудратӣ ва шоҳидон воситаи нақлиёт ҳамроҳи қатори мшинҳои низомӣ аз минтақаи мазкур убур мекардааст. Хатари хурўҷи вулқони «Тунгурауа» Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои торномаи шабакаи интернетии Hamshari News дар 2 музофоти калони Эквадор хатари хурўҷи вулқони «Тунгурауа» эълон шудааст. Ба гуфти сардори шуъбаи иттилоот ва таҳлилии Донишгоҳи Олмон мутахассисони геофизикии Эквадор ин вулқонро ба сифати хатари дараҷаи якум арзёбӣ кардаанд. Ба гуфти олимони кишвар низ гарду ғубори ин моддаи сўзони кўҳӣ метавонад дар фазо то 4 километр доман паҳн кунад. Ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки сокинони зарардидаро ба ҷойҳои бехавф кӯчонанд. 15 ҳазор нафар сокинон аз манзилҳои худ маҳрум мондаанд. Вулқони мазкур 135 километр дуртар аз пойтахти кишвар- шаҳри Кито воқеъ мебошад. Вулкани «Тунгурауа» дар ин ҷо соли 1999-ум хурўҷ карда буд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Декабрь 19, 2012 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд