Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Мусодираи героин дар Русия Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони сохторҳои марбута дар вилояти Кемеровои Федератссияи Русия зимни амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ кўшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошини боркаши тамғаи «Камаз»-ро боздоштанд, ки зимни тафтишот аз дохили нақлиёти боркаш дар ҳаҷми 80 килограмм маводи мухаддири навъи героин дарёфт карданд. Ба иттилои сардори раёсати тафтишоти фаврии Вазорати корҳои дохилии кишвар нашъаҷаллобон ин бори марговарро дар дохили халтаҳои пиёз пинҳон карда будаанд. Аз манзили зисти яке аз боздоштшудагон низ ба миқдори зиёд маводи мухаддири иловагӣ дарёфту мусодира шудааст. Ҳаҷми умумии героини мусодирашуда беш аз 92 килограммро ташкил медиҳад. Намоиши эътирозӣ дар Эрон Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Hamshahri News» ҳафтаи равон дар минтақаи Табаси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асари фурўравии нақб 4 кас ба ҳалокат расида, 8 нафари дигар зери харобаҳо монданд. Вобаста ба ин садҳо нафар нақбканон дар назди бинои парлумони кишвар ҷамъ омада, намоиши эътирозӣ доир намуданд. Гирдиҳамомадагон аз хукуматдорон хоҳиш доранд, ки ба таъмини бехатарии онҳо кафолат дода шавад. Кумитаи омори назди хукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон маълумот медиҳад, ки чунин ҳодисаҳо дар Эрон рў ба афзоиш ниҳодаанд. Соли гузашта 808 ҳодисаи мушобеҳ дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст. Имсол ин нишондиҳанда беш аз ҳазор ададро дар бар мегирад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






