Дар Истаравшан аҳзоби сиёсӣ муттаҳиданд
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар чорабиние, ки бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси созмони шаҳрии ин ҳизб дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид, шумораи зиёди фаъолони шаҳр, роҳбарони намояндагии ҳизбхои сиёсӣ, аъзои шӯрои ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд. Тавре ки роҳбари созмони шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Баҳодур Воситов иттилоъ дод, баромадкунандагон, аз ҷумла намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсии шаҳр аз таърихи даврони истиқлолият сухан карда, саҳми Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муассир арзёбӣ намуданд. Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки ҳамаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии шаҳри Истаравшан муттаҳид буда, барои пешрафти иқтисоди кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум фаъолият менамоянд.Хотиррасон мекунем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 таъсис ёфта, роҳбарии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дорад ва дар айни ҳол зиёда аз 195 ҳазор узв дорад, ки наздик ба 40 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






