Дар Тоҷикистон аз ангиштсанг сўзишвории моеъ истеҳсол мекунанд
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мавзўи эҳтимолияти сармоягузории ширкати «Khoday Group of Industries» (Ҳиндустон) ба соҳаҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноати вазнин, саноати куҳӣ ва фармасевтика дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо директори идоракунии ин ширкат Л. Шрихари Ходай баррасӣ гардид. Д. Саидов соҳаҳои эҳтимолии афзалиятнок барои сармоягузорӣ, аз қабили гидроэнергетика, саноати куҳӣ, кишоварзӣ ва туризмро бо назардошти имконоти соҳаҳои мазкур муаррифӣ кард.Дар навбати худ Л. Шрихари Ходай зикр дошт, ки роҳбарият ва намояндагони ширкат тӯли 10 соли охир ба Тоҷикистон сафар карда, корҳои таҳлиливу кофтуковии бозорҳои мухталифи соҳавии мамлакатро анҷом додаанд. Зикр шуд, ки то имрӯз ширкат дар робита бо сохтмони 2 адад НБО дар Тоҷикистон ташаббус зоҳир намудааст.Ҳамзамон аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ташаббус ва нақшаҳои минбаъда ҷиҳати дар Тоҷикистон аз ангиштсанг истеҳсол намудани сўзишвории моеъ, истеҳсоли алюминийи аввала ва минбаъд масолеҳи алюминӣ, ба роҳ мондани фаъолияти металлургӣ дар заминаи маъданҳои оҳан ва ангишт коксӣ, ки сифати хуби он дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд аст, зикр гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






