Даргузашти нахустин зебосанами тоҷик
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Доктори илмҳои биология, профессор Лола Исмоилова, ки аввалин маликаи ҳусни тоҷик ба ҳисоб меравад, дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Лола Исмоилова пас аз нашри сураташ дар муқоваи маҷаллаи маъруфи «Огонёк» амалан “маликаи зебоӣ”-и Иттиҳоди Шӯравӣ унвон шуд. Акси ӯ дар шумораи 50-уми ин маҷалла моҳи декабри соли 1949 нашр шуда, ӯро ба яке аз машҳуртарин тоҷикони Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дод ва тоҷиконро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун яке аз зеботарин қавмҳо муаррифӣ кард. Ёдовар мешавем, ки акси Лола Исмоилова ҳангоми таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби яке аз суратгирони москвагии иштирокдори ин чорабинӣ гирифта шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






