Дарёфт ва мусодираи 500000 дона маводи пиротехникӣ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Фурқат Ҷӯраев, соли таваллудаш 1990, сокини кӯчаи Роҳи Нав, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми тафтиши манзили истиқоматии ӯ 8 халтае, ки дар дохилашон 500000 дона маводи пиротехникӣ буд, дарёфт ва мусодира шуд.Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Комрон Наимов, соли таваллудаш 1993, сокини к.Борбад, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ як қуттӣ, ки дар дохилаш 600-дона маводи пиротехникӣ дошт, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






