Дарёфти «хлопушка» аз «Мармариён»

Декабрь 13, 2012 15:46

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ноболиғон: ХуршедҚирғиззода, соли таваллудаш 1995, сокини к.Назаршоев, хонандаи синфи 11-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №79 ва Ромизи Қиёмиддин, соли таваллудаш 1996, сокини к.Хайём, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №79, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир шуданд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо 90480-дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира шуд.  Инчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз мошини тамғаи «ВАЗ-2107», рақами давлатиаш АО 20-28 РТ 02 таҳти идораи ноболиғ Бобоҷон Ҳоҷибоев, соли таваллудаш 1996, сокини кӯчаи Низомии ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №34 боздошт шудааст. Ҳангоми азназаргузаронии мошини мазкур ба миқдори 28800 дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шуд, ки маводи мазкур ба ноболиғ Хуршед Саломов, соли таваллудаш 1996, сокини к.Низомӣ, хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №34 тааллуқ доштааст. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт аз маркази тиҷоратии «Мармариён» шаҳрванд Завқибек Сафаров, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Ш.Муллогадои ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ 2500 дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира шуд. Ин ҳодисаҳо мавриди санҷиш қарор доранд.

Декабрь 13, 2012 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!