Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Непал меравад
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 11 декабр дар шаҳри Куала — Лумпур маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон иштирок менамояд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи «С» минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид, ки дар он ҳарифонаш дастаҳои Непал, Бутон, Ӯзбекистон, Молдива ва Афғонистон мебошанд. Бозиҳо дар ин гурӯҳ соли оянда дар Непал сурат мегиранд.Аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ҷамъ 8 гурӯҳ тартиб дода шуд. Ду дастаи аввали ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё ворид мешаванд, ки он соли 2014 баргузор мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






