Давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе
Душанбе, 24 декабря (АМИТ «Ховар»).- 22-юми декабр, дар шаҳри Душанбе, давраи бозомӯзии хабарнигорони соҳаи варзиши кишвар шурӯъ шуд.Дар ин давра, ки дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) ҷараён дорад, намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), давраи бозомӯзӣ, бешак, барои баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳону хабарнигорони соҳа мусоидат хоҳад кард. Дар доираи барномаи ин давраи бозомӯзӣ, хабарнигорон, ҳамчунин имрӯз бо дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон, мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд. Баҳрулло Раҷабалиев, инчунин, ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои чаҳор соли ояндаи олимпӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016-ум дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод. Ҷаноби Раҷабалиев, ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо ин кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфт ва ба беҳтаринҳо диплому мукофоти пулии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд. Инчунин беҳтарин хабарнигорони варзишии кишвар бо ифтихорномаҳои АЖРВТ сарфароз шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






