Дилшод Восиев – бозингари беҳтарини Тоҷикистон
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Аз рӯи таъбири сармураббиҳои дастаҳои лигаи олӣ оид ба футбол ниммуҳофизатгар ва капитани дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе, ҳамлагари беҳтарини мусобиқоти кишвар Дилшод Восиев беҳтарин бозингари Тоҷикистон дар соли 2012 дониста шуд.Капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восиев 24 хол ба даст оварда, ниммуҳофизатгари дастаи «Регар – ТадАЗ» ва капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов бо 21 хол ва бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комил Саидов бо 18 хол ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд. Қобили зикр аст, ки Дилшод Восиев дар мусобиқоти соли ҷорӣ ба дарвозаи ҳарифон 24 тӯб ворид намудааст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






