Э. Раҳмон: «Ҳукумат барои беҳдошти зиндагии мардум ҷаҳд мекунад»

Декабрь 11, 2012 16:54

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим)- «Дар шароити ҳассоси замони муосир, сиёсати давлат ба беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шуда, барои ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди инфраструктураи коммуникатсионӣ равона шудааст» — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва Форуми рушди Тоҷикистон.
Дар ҷаласа, ҳамчунин муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, Раиси раёсати минтақавии барномаи рушди СММ дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ Ҷаҳан Султоноғлу, Ноиби Президенти Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналмилалии Киёши Кодеро суханронӣ намуданд.
Шарикони рушд пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати ҶТ оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуда, ба он баҳои мусбат доданд. Қайд шуд, ки ҳамкориҳои устуворро ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди иқтисодиёти Тоҷикистон идома хоҳанд дод. Ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ноилгардидаи Ҳукумати ҶТ дар доираи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, дар бораи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 — Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода ва роҷеъ ба саҳми шарикони рушд дар татбиқи афзалиятҳои асосии Тоҷикистон Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Марша Олив ва муовини ӯ Стефан Эрбер гузориш доданд.
Зимни муҳокимарониҳо зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ саҳми шарикони рушдро дар густариши иқтисоди миллӣ, идомаи ҳамкориҳои самарабахш ва муносибатҳои ҳамшарикӣ қадр мекунад. Натиҷаи муҳокимарониҳо дар ин ҷаласа бори дигар омодагии шарикони рушд ва саҳми онҳоро ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои миллии кишвар нишон дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ҷамъбастии худ зикр кард, ки Ҳукумати ҶТ сиёсати ислоҳоти иқтисодиро ҳамоно идома дода, ҷиҳати ноил шудан ба афзалиятҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар чораҳои зарурӣ меандешад.

Декабрь 11, 2012 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!