Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлоно шуд
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Қуния Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Мавлоно ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.Дар даромадгоҳи Донишгоҳ меҳмони олимақомро Ректори ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Туркия Баҳаттин Адам истиқбол гирифт.Пас аз ворид шудани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори маҷлисии донишгоҳ сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо дод.Дар оғози мулоқот қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Мавлоно доир ба сарфароз гардондани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ қироат карда шуда, шаҳодатномаи ин унвони ифтихорӣ ба ӯ тақдим гардид.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Т оҷикистону Туркия, аз ҷумла дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ҷаҳду талош мекунад.Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таълимоти ҷаҳоншумули Мавлоно дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид: “Мавлавии Рум боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ва умуман тамоми башарият аст. Ва ба яқини комил осори адабӣ ва фалсафию ирфонии ӯ минбаъд ҳам роҳи мову шуморо ба сӯи оянда мунаввар хоҳад кард. Рӯҳи бузурги Мавлавӣ дар ҳамбастагӣ бо пайвандҳои таърихии мардумони Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои хайрхоҳона ва созандаи кишварҳои моро низ шодоб менамояд”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






