Эътироз нисбат ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо
Хатлон, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).-Аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар мавриди назорати иҷрои қонунгузории замин санҷишҳо гузаронида шуда, қонуншиканиҳои зиёд ошкор гардиданд. Барои бекор кардани санадҳои ғайриқонунии қабулгардида вобаста ба замин 274 (170 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо) эътироз оварда, нисбат ба шахсони ба қонуншиканиҳо роҳ дода, 406 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 122 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудаааст.Тавре ки дар суҳбат ба мо муовини сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Раззоқов иброз дошт, дар баъзе шахру ноҳияҳои вилоят аз беназоратии мақомоти дахлдор, бахусус мақомоти заминсозӣ қитъаҳои замин ғайриқонунӣ ба объекти хариду фурӯш ва манбаи даромади муфти баъзе шахсони мансабдор табдил дода шудааст. Боиси қайд аст, ки ҳолатҳои қонуншиканӣ дар бобати замин дар ноҳияҳои Вахш ва Бохтар ташвишовар мебошанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






