Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Маҷмӯаи «Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маҷмӯаи оморӣ оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2011 маълумотҳо пешниҳод шудаанд. Инчунин дар бораи содирот, воридоти мол ва хизматрасонӣ барои якчанд сол бо тақсимоти ҷуғрофии мамлакатҳо ва минтақаҳо, дараҷаи гардиши савдои хориҷӣ, содирот, воридот аз рӯи мамлакатҳои ИДМ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон; оид ба содирот, воридоти хизматрасониҳои байналхалқӣ аз рӯи намуд ва мамлакатҳо, дар бораи фаъолияти корхонаҳои муштарак, сармояҳои мамлакатҳои хориҷи наздик ва дур маълумотҳо оварда шудаанд. Манбаи маълумот иттилооти пешниҳодкардаи Хадамоти гумруки назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, ки субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошанд, ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






