Фирори ронанда аз ҷойи ҳодиса

Декабрь 19, 2012 17:33

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Мирзобек ба самти кӯчаи Обшорони ноҳияи Шоҳмансур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Малоҳат Қосимова, соли таваллудаш 1962, сокини к.Айниро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, дар натиҷа М. Қосимова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Барои муайян кардани мошин ва дастгир намудани ронанда корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Декабрь 19, 2012 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд