Форуми ҳуқуқшиносон дар Хуҷанд

Декабрь 25, 2012 11:22

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 24 декабр дар шаҳри Хуҷанд форуми бахши ҳуқуқшиносӣ барои аъзои Анҷумани созмонҳои қарзҳои хурди Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки аз анҷумани мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба форум мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, ҳамчунин шахсони дигари манфиатдор даъват шуда буданд. Дар форум санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳамчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки фаъолияти созмонҳои қарздиҳандаро танзим менамоянд, баррасӣ ва қабул шуданд. Иштирокдорони форум аз таҷрибаи ҳалли вазифаҳои гуногун нақл карда, аз рӯи масоили ҳуқуқии фаъолияти созмонҳои қарздиҳанда маълумоти муфассал ба даст оварданд.

Декабрь 25, 2012 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш