Фурудгоҳи Душанбе фаъол аст

Декабрь 28, 2012 15:46

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Қатъи назар аз он, ки аз аввали шаб ва тамоми рўз боридани барф идома дошт, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъол аст. Аз аввали шаб то ин соате, ки хабар пахш мегардад, 2 хатсайр қабул шуда, 6 хатсайр ба роҳ монда шуд. Бинобар маҳдуд шудани биноӣ ва шамоли сахт муваққатан барои нишасти ҳавопаймоҳо иҷозат дода нашуд. Чанд ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хуҷанд интизори парвоз ба Душанбе мебошанд.Барои аз барф тоза намудани хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва таваққуфгоҳҳо тамоми техникаи зарурӣ ба кор сафарбар шудааст. Дар айни ҳол хати нишасту парвоз аз барф тоза шуда, реагентҳои зидди лағжиш пошида мешаванд. Дар назар аст, ки аз соати 17 фурудгоҳи Душанбе ба қабули ҳавопаймоҳо шурўъ намояд. Бақайдгирии мусофирони хатасайри Душанбе-Хуҷанд оғоз гардидааст.

Декабрь 28, 2012 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш