Гӯштини тарзи озод дар Кӯлоб
Кӯлоб, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллуди 1995 — 1997 доир гардид, ки дар он 100 нафар варзишгари ҷавон аз шаҳру ноҳияҳо ва маркази кишвар дар 10 вазн бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Мусобиқаи мазкур нишон дод, ки дар баробари зиёд шудани дастаҳо варзишгарон ба мусобиқаҳо тайёрии хуб мебинанд ва усулҳои гӯштини тарзи озодро моҳирона иҷро менамоянд. Дар даври ниҳоии мусобиқа қувваозмоӣ дар вазнҳои 76 кг байни Абдулло Назаров ва Мирзораҳим Мӯхриддинов, дар вазни то 100 кг байни варзишгарон Аҳмадов ва Рустамов хеле ҷолиб сурат гирифт. Дар сабқати ниҳоӣ варзишгарони дастаҳои Душанбе бо касби 4 медали тилло, 7 нуқра ва 11 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардиданд. Ҷои дуюм бо касби 3 медали тилло ва 3 медали биринҷӣ насиби варзишгарони вилояти Суғд шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






