Гармхона дар Шуғнон
Хоруғ, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ҳамасола бо беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар, бахусус дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияҳо иншооти ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Тавре ки сардори раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев иттилоъ дод, барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон бо дастгирии маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармояи хориҷӣ гармхона бо дарозии 72 метр ва паҳнои 15 метр бунёд гардидааст. Сохтмони гармхона аз моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар баъзе қисматҳои гармхона идома доранд. Масъулини гармхона ният доранд, ки аз моҳи январи соли оянда кишти маҳсулоти полезиро ба роҳ монда, тибқи нақшаи дурнамо аз 15 то 20 тонна маҳсулот истеҳсол намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






