Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо JICA
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Оҷонси оид ба рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) Киёши Кодера мулоқот анҷом дод. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ноиби президенти Оҷонси оид ба рушди байналмилалии Ҷопон Киёши Кодера масоили ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо Оҷонси мазкур ибрози қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон намуд, ки ин ҳамкориҳо беш аз пеш таҳким хоҳанд ёфт. Киёши Кодера пас аз мулоқот бо Сарвари давлат аз пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ёдовар шуда, зикр намуд, ки ин омил дар самти таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо дигар созмону кишварҳо, аз ҷумла бо Оҷонси оид ба рушди байналмилалии Ҷопон нақши фаъол хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






