Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Вазъи саломатии президенти феълии Ироқ Душанбе, 31 декабр (АМИТ «Ховар».-Мувофиқи маълумоти торномаи шабакаи интернетии Hamshahri News моҳи равон вазъи саломатии президенти феълии Ироқ — Ҷалол Талабоҳӣ торафт бад мегардад. Ба гуфти роҳбари бехатарии Вазорати Амнияти миллии кишвар Ҷалол Талабоҳӣ дар яке аз беморхонаҳои давлатии Ироқ дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Президент аз сабаби авҷ гирифтани бемории сактаи мағзи сар бистарии беморхона шудааст. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи тиб бошад сардори давлатро барои табобат ба хориҷи кишвар фиристодан лозим аст. Лозим ба ёдоварист,ки Ҷалол Талабоҳӣ 79 сол дошта, нахустин президенти курдтабор дар Ироқ ба шумор меравад. Дар музофоти Бриндизи Италия таркиши сахт ба амал омад.Душанбе, 31 декабр (АМИТ «Ховар»).- Ба гуфти расонаи хабари БиБиСи дирӯз дар музофоти Бриндизи Италия таркиш ба амал омада буд.Кормандони Вазорати корҳои дохилии мамлакат марди 69 соларо, ки дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешуд дастгир намуданд.Тафтишот маълум намуд, ки ў барои қасос гирифтани як мансабдори кишвар буда, ба чунин амал даст задааст. Бояд гуфт,ки ҳодисаи мазкӯр дар мактаби байналмилалии Ҷумҳурӣ ба амал омадааст. Дар вахти таркиш 1 нафар хонанда ба ҳалокат расида, 10 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд. садамаи нақлиётиДушанбе, 31 декабр (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Бозрасии Давлатии автомобили шаҳри Маскваи Федератсияи Россия садамаи нақлиётиро ба қайд гирифтанд.чихеле,ки расонаи хабарии Russian To Day итилоъ медиҳад, дар ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Дар қисмии ҷанубии шаҳр автомобили боркаши дорои масолеҳи бинокорӣ, ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд ба автомобили тамғаи «Мерседес» бархўрдааст.Кормандони полис дар ин ҳодиса ронандаи нақлиёти боркашро гумонбар медонанд.Аз рўйи гуфти шоидон рононанда дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






