Хизматрасонӣ ба беморон
Кӯлоб, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Масъулини маркази саломатии №1-и шаҳри Кӯлоб дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба 33359 нафар муроҷиаткунанда кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида, барои пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ тавсияҳои муфид додаанд. Бобохон Абдураҳмонов, менеҷери маркази саломатии ш.Кӯлоб дар робита ба ин мавзуъ гуфт, ки дар марказ 130 нафар табиби маълумоти олидор, 74 нафар корманди миёнаи тибб фаъолият дошта, ба беморон хизмат мерасонанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар марказ ҳучраҳои ташхиси лабораторӣ, барқароркунии саломатӣ ва дандонпизишкӣ амал карда, хизматрасониро пулакӣ ба роҳ мондаанд, ки қисми маблағҳои воридгардида ба таъмири бино ва хариди таҷҳизоти тиббӣ равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки маркази саломатӣ бо шароитҳои зарурӣ таъмин буда, барои гузаронидани фасли зимистон омода аст,- афзуд Бобохон Абдураҳмонов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






